Олимони ҷавон ба ҳам омаданд
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳкими Истиқлолияти комил» бо иштироки 80 нафар олимону муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар конфронс Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ширкат варзида, роҷеъ ба дастовардҳои олимони ҷавон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон дар пайи навиштани рисолаҳои илмӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, ба майдони илму маърифат овардани китобҳои беназир барои насли имрӯзу фардои сарзамини маҳбубамон нақши бағоят арзанда доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бештари ҷавононе, ки ба вазифаҳои пурмасъул таъин мегарданд, номзади илм, дотсент, доктор ва профессор мебошанд. Ин далолат аз он мекунад, ки ҷавонон ба хотири пешрафти илму маърифати кишвар кӯшишҳои беназир карда истодаанд, то ки ҷомеаи мо соҳиби илму маърифати ҷаҳонӣ гардад.
Масъулин изҳор намуданд, ки баргузории чунин конфронсҳо ба тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, дар ин радиф сафи олимони ҷавон афзоиш меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои тақвият бахшидани нерӯи зеҳнӣ ва ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ конференсияҳои илмӣ-амалӣ, доир карда мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






