«Ҷоми Президент» насиби теннисбозони тоҷик шуд
Душанбе, 25.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Мусобиқаи теннис барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон миёни наврасон, ки аз 19 то 23 сентябри соли равон дар майдони тенниси шаҳри Душанбе ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Дар мусобиқа байни писарон Шодмон Қурбонов ва миёни духтарон Шаҳзода Осимова аз Тоҷикистон ғолиб омаданд.
Дар сабқати ҷуфтӣ байни писарон Беҳзод Суюнов, Шерзодбек Раҷабов аз Ӯзбекистон мақоми аввалро касб карданд. Дар сабқати ҷуфтӣ миёни духтарон Анастасия Турсунова, Насиба Назирмадова аз Тоҷикистон пирӯз шуданд.
Ғолибони мусобиқа бо ҷому медали тилло, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА сарфароз гаштанд. Ба теннисбозоне, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1000 ва 700 доллар супурда шуд.
Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат варзида, барои дарёфти Ҷоми Президент миёни ҳам рақобат доштанд.
Ин 6-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис мебошад, ки теннисбозони наврас барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Тоҷикистон» рақобат мекунанд.
Гуфта мешавад, ки “Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис” аз соли 2005 таъсис ёфта, дар байни варзишгарони наврас гузаронида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






