Омодагии ҷиддӣ ба даъвати тирамоҳӣ
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Масъулини камиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои оғози муваффақонаи хизмати пуршарафи ҳарбӣ омодагии ҷиддӣ мегиранд.
Пас аз омӯзиши ҳаматарафа аз ҷониби афсарони масъули қисми ҳарбӣ, наваскарон тӯли 1 моҳ ва беш аз ин ба курси тайёрии наваскарӣ фаро гирифта шуда, дар ин давра аз рӯйи фанҳои таълимӣ нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ва дигар муҳимоти онро аз худ менамоянд.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯзҳо барои қабули наваскарон ва идомаи хизмати пуршарафи эшон дар қисми ҳарбии 41008-и Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ омодагии ҳамааҷониба дида шуда, нуқтаи тиббӣ, ошхона, хобгоҳи сарбозон, марказҳои таълимию методӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии омӯзишӣ фароҳам оварда шудаанд, ки имконият медиҳанд ҳайати шахсии сарбозон тамоми соатҳои дарсӣ, таълиму тадриси фанҳои гуногуни низомӣ ва машқу тамринҳои ҳарбиро ба таври васеъ аз худ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






