Озмуни Бонки миллӣ барои интихоби рамзи байналмилалии пули миллӣ — сомонӣ
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳия ва интихоби рамзи байналмилалии пули миллӣ-сомонӣ озмун эълон менамояд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд, лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ-сомонӣ, ки аз ҷониби иштирокдорони озмун пешниҳод мегарданд, бояд ҷавобгӯ ба талаботи зерин бошанд: инъикоскунандаи пули миллӣ бошанд; хотиротеро аз ёдгориҳои бостонӣ ба ёд оваранд; навгонӣ ва хусусияти миллӣ дошта, бо рангҳои дилхоҳу ҷолиб тасвир шуда бошанд.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳои рамзи байналмилалии пули миллӣ то 30 сентябри соли 2015 муайян шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






