Озмуни Кумитаи ҷавонон барои ҷавонони соҳибистеъдод
Душанбе, 17.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рўзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи кумита дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологиҳои иттилоотӣ) барои соли 2015 такроран озмун эълон менамояд.
Барои гирифтани ҷоиза дастовардҳо аз рўи ҷойҳо (истеъдодҳо, ихтироот ва эҷодкорӣ) баҳогузорӣ мешаванд.
Дар озмун иштирокдорон бо офарида ё ҳунари хеш, адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор), рўзноманигорон (мақолаҳо, маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ, бахусус дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон), рассомон (расмҳои дорои хусусияти тарбиявӣ, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра), бастакорон (оҳангҳои ҷолиб ва мусиқии дилангез, пйессаҳо, либретто, опера ва балет), барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотии компютерӣ, бахусус дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва махзани кадрӣ), режиссёрон (филмҳо, намоишномаҳои саҳнавӣ — театрӣ, барномаҳои телевизионӣ ва ғайра), санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ), меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад), метавонанд иштирок намоянд.
Дар озмун хоҳишмандон аз тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурўҳи эҷодӣ (то 4 нафар дар синни 14-30) ширкат варзида метавонанд.
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Спортивная, 6 то 15 октябри соли 2015 сурат мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






