Пасандозҳо 34 фоиз афзоиш ёфтанд
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Афзоиши устувори бақияи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии мамлакат идома дорад. Масалан, дар интиҳои моҳи августи соли равон нишондиҳандаи мазкур 8 263,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 34,0 фоиз зиёд мебошад.
Тавре таҳлилҳои таркиби бақияи пасандозҳо нишон доданд, 40,3 фоизи пасандозҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва 59,7 фоизи пасандозҳои дигар ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд. Таҳлили боло бори дигар аз зиёд шудани боварии мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,61 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,63 фоизи солонаро ташкил намуданд








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






