Пойдории ҷомеа аз устувории оилаҳост
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).- Бо ташаббуси роҳбарияти ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ва иштироки занони фаъоли ноҳия конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли оила мавриди амал қарор гирифт. Ҳамоиш дар мавзӯи «Оила — асоси пойдории ҷомеа» сурат гирифта, ҷамъомадагон дар атрофи маърифати оилдорӣ ибрози назар намуда, баҳри рафъи мушкилоти вайроншавии оилаҳо маслиҳатҳои судманд доданд. Дар ҷамъомад ҳамзамон бобати тарбияи фарзандон ва ҷилавгирӣ аз шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ сухан рафт. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қумсангир Гулбаҳор Бахтдавлатова саҳми занони ноҳияи мазкурро дар баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва фарҳангию сиёсӣ назаррас арзёбӣ карда, зикр намуд, ки ҷойгоҳу мақоми зан дар оила хеле бузург буда, тарбияи дурусти фарзандон ва омода намудани духтарони ҷавон ба хотири бунёди хонавода хеле муҳим мебошад.
Ҳамин гуна вохӯрии судманд бо иштироки фаъолонаи занони ноҳияи Муъминобод низ баргузор шуд. Иштирокдорон марбут ба масолии фарҳанги оиладорӣ, фарогирии занон ба касбу кори мувофиқ, таъсири равандҳои сиёсии ҷомеа ва амалигардии як силсила қонуну барномаҳои вобаста ба ҳаёти занон ибрози андеша намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






