Пурсиши хона ба хона дар ноҳияи Варзоб

Сентябрь 22, 2015 06:58

    Душанбе, 22.09.2015, (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия пурсиши хона ба хонаро ҷорӣ намуда, рўйхати дақиқи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишварро тартиб дод.     Ба иттилои  мутахассиси пешбари бахш Орифҷон Бобоев, айни замон 1499 сокини ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, 75 нафараш зан аст. 
    Бахши Хадамоти муҳоҷират бо сокинони ноҳия 28 маротиба бобати  қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вохўриҳо гузаронид. Ба  шаҳрвандони ноҳия тавсия дода шуд, ки барои гирифтани Сертификати забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия ба Филиали донишгоҳи энергетикии Маскав дар Душанбе муроҷиат намоянд. 
             Дар ин муддат 415  сокини ноҳия бо шиносномаи хориҷӣ таъмин гардид. Мутаассифона, ба 43 нафари онҳо ҳуқуқи ба Федератсияи Русия ворид гардидан манъ карда шуда, аз теъдоди шаҳрвандони манъшуда як нафар бо кори доимӣ, 10 нафар бо кори мавсимӣ, боқимонда бо корҳои хоҷагиҳои ёрирасони хусусӣ машғуланд.
        Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А.Қодирӣ иттилоъ дод, инчунин ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон, занон ва духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳайати гурўҳи кории мақомоти иҷроия бо ҷавонон- муҳоҷирони меҳнатӣ ва волидайни онҳо дар маҳаллаҳо вохўриҳо доир намуда, арҷгузорӣ ба суннатҳову арзишҳои фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани пўшидани  либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, шомилшавии ҷавонон ва духтарон ба гурўҳҳои ифротгаро, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дарки масъулият дар тарбияи фарзанд, дар муҳоҷират бовар накардан ба ваъдаҳои дурӯғи  гурӯҳҳои ҷалбкунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
        Бахши ХМ дар ноҳияи Варзоб баҳри тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муборизаи беамон ба ин падидаҳои навзуҳур ва вабои аср дар оянда низ талош хоҳад кард.  

 

Сентябрь 22, 2015 06:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!