Рӯзи «Дониш» дар Файзобод
Файзобод, 01.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба мактаби таҳсилоти умумии №1- и ноҳия ташриф оварда, хонандагони ин муассисаро ба рӯзи дониш табрику таҳният намуд ва аз ғамхориҳои Сарвари давлат нисбати дастгирии соҳаи маориф ёдовар шуда, миннатдории хешро баён намуд. Ҳамчунин ба муаллимон таъкид намуд, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Вобаста ба ин рӯз раиси ноҳия кормандони дастгоҳи ноҳия, сохторҳои воҳиди мақомотро вазифадор намудааст, ки имрӯз дар макотиби таҳсилоти умумии ноҳия хонандагони ноҳияро бо иди дониш табрик намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






