Рӯзи Рӯдакихонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 22.09.2015 (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Эълон доштани рўзи Рӯдакӣ 22-юми сентябр бори дигар арҷгузорӣ ба эҷодиёти пурғановати қофиласолори назми форсу тоҷик Абуабдуллои Рўдакӣ равшангари осори гаронмоя ва пурифтихори ин ситораи олами адабиёт мебошад.
Дар ҳамин росто дар театри маҳзакавӣ-мусиқии вилоятии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кўлоб ба истқболи рўзи Рўдаки чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, доираи адабии шаҳр, устодону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намудаанд.
Дар ибтидо Раиси шаҳри Кўлоб Хайрулло Амонулло доир ба эҷодиёти пурҷилои ин нобиғаи олами адабиёт маълумот дода, иброз дошт, ки Абуабдуллои Рўдаки дар таърихи адабиёт ва шеъри дарӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ворид намуда, адабиёти ӯ фарогири худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию инсонгароӣ ва аз ҳама муҳим хоксорию фурӯтаниро дар худ таҷассум менамояд.
Дар идомаи тадбири фарҳангӣ Хайрулло Амонулло зикр дошт, ки ба хотири гиромидошти устод Рўдаки ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёнаш дар майдони адабиёти форсу тоҷик дар шаҳри Кўлоб як кӯча ва Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллои Рўдакӣ гузошта шудааст.
Дигар иштирокчиён зимни баромадҳои худ оид ба ақидаҳои панду ахлоқии Рўдакӣ суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки порчаҳои назмию насрии ӯ ифодакунандаю ҳидоятгар ба роҳи илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ буда, ҷаҳони маънавии хонандаро ғанӣ мегардонад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






