Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- дар асоси маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар картошка кошта шуд. Ҳосили 8495 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1599 гектар зиёд мебошад.
Ҳамзамон, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 182567 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37166 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,9 сентнериро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 4,1 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.
Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар кишти сабзавот низ гузаронида шуд, ки то имрўз 20720 гектари он ҷамъоварӣ шудааст ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2341 афзунтар аст.
Дар ҷумҳурӣ имсол ба миқдори 502778 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 88997 тонна беш буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 242,7 сентнериро такшил дод ва нисбат ба соли гузашта ин нишондод 17,5 сентнерӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






