Раисҷумҳури Афғонистон: Мудирияти шаҳри Қундуз дар дасти давлат аст
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар як нишасти хабарӣ бо ибрози итминон гуфт, ки мудирияти шаҳри Қундуз акнун дар дасти давлат буда, таҳдиди террористон дар ин шаҳр маҳдуд аст ва мардум бояд ба неруҳои амниятии кишвар бовар дошта бошанд.
Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, Раисҷумҳури инкишвар ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки рӯзи гузашта чанд иншооти давлатӣ аз сӯи мухолифони мусаллаҳи давлат ишғол шуданд, аммо неруҳои амниятии Афғонистон имрӯз дар амалиёти поксозии ин шаҳр аз «Толибон» пешрафтҳое доштанд ва бархе аз иншооти давлатиро аз дасти онҳо озод намуданд.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар иннишасти хабарӣ таъкид кард, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ низ бар мавзеъҳои мухолифони мусалаҳ оғоз шудааст ва неруҳои амниятии ин кишвар бомуваффақият вазифаҳояшонро иҷро кардаистодаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






