Рашт: Бунёди 44 хонаи истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ
Рашт, 03.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи 24-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт 44 хонаи истиқоматӣ барои зарардидагони офати табии деҳаҳои Ҳалқарф ва Бедаки ҷамоати деҳоти Навдӣ дар рӯзҳои ҷашн ба истифода дода мешавад.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рашт Фариддун Муродов барои баргузории ҷашни истиқлолият омодагӣ дида истодааст. Дар назар аст ки дар арафаи ҷашн ба ниёзмандону бепарасторон ва ятимону маъюбон аз ҳисоби соҳибкорон, хайркунандаҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҳамчунин рӯзи 8 сентябр дар ноҳияи мазкур мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад, ки ғолибонро туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






