Рашт: Сарвазир 44 хонаи истиқоматиро ба истифода дод

Сентябрь 18, 2015 09:45

Душанбе, 18.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Субҳи имрӯз  Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Давлатзода Умед, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Ибодзода  ба маҳаллаи навбунёд барои   зарардидагони офати табиӣ дар  ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт барои ба истифода додани 44 хонаи  истиқоматӣ  омаданд.
Сарвазири мамлакат  ба 44  зарардидаи офати табиӣ  калиди хонаҳоро супорид.
Тавре  ки ба ҳамагон маълум аст, дар натиҷаи боришоти зиёди  борону жола  дар таърихи  20 июли  соли 2015 дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи  ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт сел омад,  ки  дар натиҷаи он зиёда аз 50 оила зарар диданд.
Аз ҷумла, 35 оила аз хонаҳои истиқоматӣ пурра маҳрум гардида, хонаҳои 8 оилаи дигар  қисман зарар дида, истиқомат намудан дар онҳо ғайриимкон гардид. Ҳаҷми ҳисорот аз офати табиӣ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияи Рашт 3 миллиону 714 ҳазору 198 сомониро ташкил дода, барои бартараф намудани  оқибатҳои офати табиӣ маблағҳои зиёд ва аз нигоҳи аввал вақти зиёд лозим буд. 
Мувофиқи дастури Роҳбари давлат хонаҳои истиқоматии мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ пурра бо маводу таҷҳизоти рӯзгор,  либосвор, хӯрокӣ ва сӯзишворӣ барои давраи тирамоҳу зимистон таъмин шуданд. Роҳҳои маҳалии мавзеи зарардида ва маҳаллаи навбунёд таъмиру тармим шудаанд.
  Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои  аввали рух додани ин ҳодиса  мардуми ноҳияи Рашт дастгирию ҳамдардии мардуми  шарифи тоҷикро  аз гӯшаю канори  ватани азизамон эҳсос мекарданд ва аз он шукргузорӣ менамоянд, ки имрӯз дар ин сарзамин  сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллати куҳанбунёд ҳукмфармо гардидааст.
 

Сентябрь 18, 2015 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!