Роҳхати «Истиқлол» ба даври нимниҳоии Ҷоми АФК
Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии мусобиқоти Ҷоми АФК-2015 аз тими “Паҳанг” бо ҳисоби 3:1 мағлуб шуд.
Ин дидор шоми дирӯз, 16 сентябар дар Куантани Малайзия сурат гирифт. Новобаста аз шикаст дастаи “Истиқлол” ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт, чун ҳосили ду бозӣ 5:3 ба нафъи футболбозони тоҷик аст.
Ёдрас месозем, ки дар бозии аввали даври чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК, ки 26 август дар Тоҷикистон гузашт, “Истиқлол” “Паҳанг”-ро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дода буд.
Дар даври ниманиҳоӣ “Истиқлол” бо тими “Кувейт” вориди рақобат мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






