Роҳпаймоии «Роҳи Ваҳдат — 2015»
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). –Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 09 -10 сентябри 2015 сол бо ташаббуси Рӯзномаи «Вечёрка», Маркази фарҳангии «Аржанг» ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳпаймоии хурди ҷавонон «Роҳи Ваҳдат — 2015» баргузор гардид, ки дар он ҷавонони фаъол аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок доштанд.
Сараввал иштирокдорон дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ширкати «Фароз» воқеъ дар маҳаллаи 102-юми шаҳр ҷамъ омада, худро ба қайд гирифтанд ва мошинҳои онҳо бо сӯзишворӣ таъмин карда шуд. Баъдан бо корвони мошинҳо ба самти ноҳияи Ҳисор сафар карданд ва аз қаълаи таърихии «Қалъаи Ҳисор» ва аз Чойхонаи бунёдшудаистодаи «Харбуза» дидан намуда, бо таъриху фарҳанги ин ноҳияи куҳанбунёди кишвар ошно гардиданд.
Нисфирӯзӣ иштирокдорони чорабиниро дар даромадгоҳи ноҳияи Шаҳринав намояндагони гуногуни қишрҳои ҷомеа пешвоз гирифтанд. Иштирокдорон аз ангурҳои деҳқонони ин ноҳия дидан намуда, аз меваҳои шаҳдбори Шаҳринав чашидан намуда, дар Чойхонаи «Шаҳринав» хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда, сафарашонро идома доданд.
Шаҳри Турсунзода иштирокдоронро бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд. Сараввал роҳпаймоён бо осорхона ва рафти корҳои кормандони Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз наздик шинос гардида, бо кормандони он дар Маркази солимгардонии «Шимкент» мусобиқаи футбол баргузор карданд. Бегоҳӣ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби фарҳангиёни ТАЛКО пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Субҳи 10-уми сентябр мо бо гузоштани гулчанбар назди пайкараи Мирзо Турсунзода ва расми хотиравӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ба Душанбе баргаштем.
Шералӣ Ҷалолов
иштирокдори роҳпаймоии
хурди «Роҳи Ваҳдат -2015»








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






