Румӣ танҳо марбут ба як миллат нест!
Хоруғ, 25.09.2015 (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Дар китобхонаи ба номи Ҳофизи Шерозии шаҳри Хоруғ бо ширкати шоирон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён аз аҳамияти осори гаронарзиши ин мутафаккир суҳбат карда, зикр доштанд, ки бо гузашти солҳо қадри сухану ҳикматаш ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб кашишу ҷозибаи бештар пайдо мекунад. Румӣ дар замони худ тавонист ғояҳои башардӯстонаи исломи нобро ба тамоми инсонҳои дунё сарфи назар аз боварию эътиқод тавзеҳ диҳад. Румӣ аз доираи як миллат берун шуд ва дар мақоми тамаддуни башарӣ ҷо гирифт. Акнун Румӣ танҳо ба миллати форсу тоҷик тааллуқ надорад, он моли тамоми дунё аст,-таъкид шуд дар нишаст.
Баъди ироаи маърӯзаҳо байни хонандагону донишҷӯён ва устодон оид ба паҳлӯҳои эҷодиёти ин шоири оламшумул мубоҳиса сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






