Рустам Амакиев-ҷоннисори Ватан
Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Шоми 15 сентябри соли равон дар мавзеи Покрӯди дараи Ромит дар байни неруҳои амниятии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода даргириҳои шадид ҷараён гирифтанд, ки мутаассифона дар ҷараёни он чанд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ Рустам Амакиев ҳалок шуданд.
Полковник Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи махсуси «Алфа»-и КДАМ буда, ҳангоми амалиёт бар зидди гурӯҳи террористии Назарзода кушта шуд. Ӯ соли 1974 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст, оиладор ва соҳиби як фарзанд буд.
Рустам Амакиев соли 1997 Донишгоҳи ҳарбии фармондеҳии неруҳои десанти ҳавоии шаҳри Рязани Русияро хатм карда, аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста бо ордени «Шараф» , дараҷаи 2 ва медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шудааст.
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 17-уми сентябри соли равон дар хонаи падариаш дар ноҳия Восеъ баргузор мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






