Саҳми БДРХ дар буҳрони иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Пурзӯр намудани ҳамкориҳои молиявӣ ва рушди бахшҳои реалии иқтисодиёт»- таҳти чунин ном имрӯз дар Кохи «Ваҳдат» семинар доир гардид, ки дар кори он доираи васеи институтҳои молиявии Тоҷикистонн иштирок намуданд.
Дар семинар ҳамчунин намояндагони Бонки рушди Чин ширкат варзида, доир ба фаъолият ва доираи васеи ҳамкориҳои бонки мазкур маърӯза намуданд.
Ба гуфтаи мудири бахши муносибатҳои байналмилалии БДА «Амонатбонк » Темур Афғонов семинари мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ пайдо намудан аз навовариҳои ҷаҳони муосир дар рушди иқтисодиёт имкон медиҳад.
«Ба ҳамин ҳадаф мо ин семимнарро баргузор намудаем. Мақсади ҳамкорӣ бо Бонки рушди Хитой он аст, ки мо тавонем аз ин бонк барои пешбурди иқтисодиёти кишварамон истифода барем »,- афзуд Афғонов.
Ба гуфтаи ӯ тайи шаш моҳи гузашта Чин тавассути Бонки рушди Хитой барои коҳиш додани таъсири буҳрони молӣ ба кишвар 10 миллион доллар додааст. Аз ин ҳисоб 35 дарсад барои бахши кишоварзӣ, 30 дарсад ба соҳаи истеҳсолот ва бақия барои рушди соҳибкории хурду миёна равона шудааст.
Ба қавли Афғонов, дар панҷ соли гузашта Бонки давлатии рушди Чин танҳо тавассути “Амонатбонк” 42 миллион доларро барои иҷрои 73 тарҳ дар Тоҷикистон бо фоизи кам ва муҳлати тӯлонӣ дастрас кардааст. Ин масъули “Амонатбонк” мегӯяд, рӯзи 2 сентябр дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, миёни намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин барои гирифтани 18 миллион доллари дигар созишнома ба имзо хоҳад расид, ки барои сохтмони бинои нави Амонатбонк дар маркази пойтахт харҷ хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки чунин семинар аввалин маротиба аз ҷониби БДА «Амонатбонк» дар якҷоягӣ бо Бонки давлатии рушди Хитой гузаронида шуд, ки мақсад аз баргузории семинар густариши ҳамкориҳои бонкдории ду кишвар арзёбӣ гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






