Саҳми БДРХ дар буҳрони иқтисодии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2015 12:51

Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Пурзӯр намудани ҳамкориҳои молиявӣ ва рушди бахшҳои реалии иқтисодиёт»- таҳти чунин ном имрӯз дар Кохи «Ваҳдат» семинар доир гардид, ки дар кори он доираи васеи институтҳои молиявии Тоҷикистонн иштирок намуданд.
Дар семинар ҳамчунин намояндагони Бонки рушди Чин ширкат варзида,  доир ба фаъолият ва доираи васеи ҳамкориҳои бонки мазкур маърӯза намуданд.
Ба гуфтаи мудири бахши муносибатҳои байналмилалии БДА «Амонатбонк » Темур Афғонов семинари мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳӣ пайдо намудан аз навовариҳои ҷаҳони муосир дар рушди иқтисодиёт имкон медиҳад.
«Ба ҳамин ҳадаф мо ин семимнарро баргузор намудаем. Мақсади  ҳамкорӣ бо Бонки рушди Хитой он аст, ки мо тавонем аз ин бонк барои пешбурди иқтисодиёти кишварамон истифода барем »,- афзуд Афғонов.
Ба гуфтаи ӯ тайи шаш моҳи гузашта Чин тавассути Бонки рушди Хитой барои коҳиш додани таъсири буҳрони молӣ ба кишвар 10 миллион доллар додааст. Аз ин ҳисоб 35 дарсад барои бахши кишоварзӣ, 30 дарсад ба соҳаи истеҳсолот ва бақия барои рушди соҳибкории хурду миёна равона шудааст. 
Ба қавли Афғонов, дар панҷ соли гузашта Бонки давлатии рушди Чин танҳо тавассути “Амонатбонк” 42 миллион доларро барои иҷрои 73 тарҳ дар Тоҷикистон бо фоизи кам ва муҳлати тӯлонӣ дастрас кардааст. Ин масъули “Амонатбонк” мегӯяд, рӯзи 2 сентябр дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, миёни намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин барои гирифтани 18 миллион доллари дигар созишнома ба имзо хоҳад расид, ки барои сохтмони бинои нави Амонатбонк дар маркази пойтахт харҷ хоҳад шуд. 
Ёдрас мешавем, ки чунин семинар аввалин маротиба аз ҷониби БДА «Амонатбонк» дар якҷоягӣ бо Бонки давлатии рушди Хитой гузаронида шуд, ки мақсад аз баргузории семинар густариши ҳамкориҳои бонкдории ду кишвар арзёбӣ гардид.  

Сентябрь 1, 2015 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд