Сабзиши ниҳолҳо дар ҷумҳурӣ ба беш аз 80 дарсад расидааст
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Ба иттилои Шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ниҳолҳои шинонидашуда дар мадди назари нозирони мақомоти соҳавӣ дар ҷойҳо қарор дорад.
Дар ин мавсим дар қаламрави ҷумҳурӣ 3 млн. 288 ҳазору 672 бех ниҳол шинонида шуда, аз ин шумора дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд 500 ҳазор қаламча, инчунин дар ҷамоати деҳоти Бунҷикат 500 ҳазор қаламчаи тирак ва бед шинонида шудааст.
Тибқи маълумот то кунун дар ҳудуди ҷумҳурӣ 2 млн. 752 ҳазору 149 ниҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор дошта, иҷрои он 84 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






