Сафари бозингарони дастаи «Истиқлол» ба Кувайт
Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз, 28 сентябр дастаи«Истиқлол»-и Душанбе барои бозии аввали нимниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо КВ «Кувайт» ба Кувайт сафар кард.
Дастаи «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Holiday Inn Kuwait» ҷойгир шуда, аввалин тамрини худро, ки ба ҳайати он 16 бозингар шомил аст, бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар пойтахти Кувайт гузаронд.
Бозии аввали нимниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни КВ «Кувайт» ва «Истиқлол» рӯзи 30 сентябр дар варзишгоҳи «Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan» соати 19:20 ба вақти маҳаллӣ (21:20 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.
Бозии аввали нимниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол-и Тоҷикистон ва «Кувайт-и Кувайтро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






