Сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Қатар
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 20-21 сентябри соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо даъвати ҷониби Давлати Қатар бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор дошт.
Дар доираи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазир ва раиси Шӯрои вазирони ин кишвар мулоқот анҷом дод.
Ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Қатар доир гардид, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои Давлати Қатар дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Сарвазири Тоҷикистон зимни сафари расмӣ ба Қатар бо роҳбарони як зумра бонкҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои бонуфузи қатарӣ вохӯриҳо доир намуд.
Субҳи 21 сентябр маросими муаррифии имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҷараёни он барномаҳо дар ин соҳаҳо аз ҷониби шахсони масъул барои соҳибкорону тоҷирони қатарӣ муаррифӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






