Шаҳрдорӣ дар арафаи ид мардумро ба ободонии оромгоҳҳо даъват кард
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе дар арафи Иди Қурбон иқдоми наҷибро таҳти унвони «Ободонии оромгоҳҳо» роҳандозӣ менамояд. Бо мақсади ободу покиза нигоҳ доштани оромгоҳҳо, ки аз фазилатҳои неки инсонист, шаҳрдорӣ дар арафаи Иди шарифи Қурбон аз сокинони пойтахт даъват ба миён овард, ки аз 20 то 24 сентябри соли равон дар ин кори хайр ширкат намуда, дар ободонию тоза нигоҳ доштани оромгоҳҳои шаҳр саҳм гузоранд.
Ин иқдом дар ҳолест, ки 24 сентябри соли равон мардуми кишварамон чун дигар мусулмонони кишварҳои ҷаҳон Иди Қурбонро таҷлил намуда, баъди намози Иди Қурбон ба оромгоҳҳо рафта, ба рӯҳу арвоҳи гузаштагон дуои фотеҳа мехонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






