Қӯшунҳои сарҳадӣ: Пешгирии интиқоли қочоқи маводи мухаддир
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шаби 22 ба 23 сентябри соли равон дар асоси маълумоти фаврӣ дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии Шаҳритус кормандони Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон, дар хати асосии иншооти муҳандисии қитъаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалиёти махсус гузарониданд.
Дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад қочоқчиён, ки аз 4-5 нафар иборат буданд бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мезананд.
Сарҳадбонон мувофиқи Оинномаи сарҳадӣ ба осмон тир холӣ карда, кӯшиши боздошт ва пешгирии вайронкунии сарҳадро мекунанд, ки дар натиҷа байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал меояд.
Сарҳадбонони тоҷик дар вақти задухӯрди мусаллаҳона аз худ чусту чолокӣ нишон доданд, ки дар натиҷаи он чанд нафар қочоқчиён захмдор шуда, як нафари онҳо бошад, безарар гардонида шуд, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон баргаштанд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқчии 40-45 солаи афғон дарёфт карда шуд, ки Ҷаббор Валади Окил, сокини деҳаи Қулӯхтепаи вулусволии Қалайзори Вилояти Қундуз мебошад, ки баъдан ба намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Авғонистон расман супорида шуд. Инчунин аз ҷасад як адад милтиқи шикории думиллаи 16 мл бо тирҳояш, 2 адад норинҷаки дастаи тамғаи РГД-5 ва зиёда аз 16 кг маводи мухаддир мусодира гардид.
Айни замон аз тарафи мақомоти дахлдори КДАМ ҶТ оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






