Силоҳбадастони «Толибон» талафот медиҳанд
Душанбе, 17.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои намояндагони ҳукуматдорони маҳаллӣ, тайи ду рӯзи гузашта бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳонаи байни шӯришгарон ва қувваҳои ҳукуматӣ дар музофоти Ҳилманди Афғонистон 30 нафар ҷангиёни «Толибон» нест карда шуданд.
Сабаби сар задани ин муҳорибаҳо ба ситоди пулис ва бархе бунгоҳҳои назоратии вулусволии Каҷакӣ ҳамла овардани толибон буд.
Ҳамзамон амалиётҳои ҳарбӣ дар вулусволии Чинортуи вилояти Урузгон идома доранд. Назар ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ», дар ин ҷо силоҳбадастон аввалин шуда ба бунгоҳҳои назоратӣ ҳамла оварданд. Мувофиқи ҳисоботи пулис, дар амалиётҳои ҳарбӣ барои нест намудани террористон тайёраҳои ҳарбӣ иштирок намуда, қувваҳои нави ҳарбӣ ба ин вулусволӣ фиристода шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






