Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Мир Сайд Алӣ Ҳамадонӣ

Сентябрь 5, 2015 07:43

Душанбе,  05.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 700 -солагии Мир Сайд Алӣ Ҳамадонӣ ба кори худ оғоз бахшид, ки тайи ду рӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб идома меёбад.
Кори конфронси мазкурро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт, ки  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо осори гаронбаҳои худ, ки асоси онҳоро дарки дурусти масъалаҳои фалсафию ҳикмат ва ахлоқу адаб  ташкил медиҳанд, дар тамаддуни Шарқ мақоми барҷаста дорад.
Президенти кишвар иброз дошт, ки ин орифи бузург пеш аз ҳама мақому манзалати инсонро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, нақши ӯро дар ташаккул ва густариши амалҳои солеҳу созанда басо пурарзиш донистааст.
 Дар кори симпозиум олимону донишмандон аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса ва дигар кишварҳо иштирок дошта, оид ба мероси адабию фалсафии мутафаккири Шарқ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ инчунин намоиши китоб гузаронида шуд, ки  дар баробари нашриётҳои Тоҷикистон, ноширон аз кишварҳои Британия Кабир, ИМА, Эрон, Афғонистон ва Туркия китобҳои хешро ба маъраз пешниҳод намуданд.

 

Сентябрь 5, 2015 07:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад