Сиёсати амниятии Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ мегардад
Душанбе, 30.09. 2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия тасмим дорад, ки дар нимаи аввали моҳи октябр дар Душанбе конфронси байналмилалии илмию амалиро дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ» баргузор намояд.
Ин ҳамоиш бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ гузаронида мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои узви СААД, олимони ватанию хориҷӣ, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар атрофи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ ибрози назар хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






