Собиқадорони ҷангу меҳнат дар Душанбе ҷамъ меоянд
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 25 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе пленуми панҷуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар пленум масъалаи ҷамъбасти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70 -солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945» матраҳ гардад.
Бино ба иттилои Раҳмат Қудратов -раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 700 маъюб ва иштирокдори ҶДҶ кору зиндагӣ намуда, 18 нафари онҳоро занон, 16 нафарро оилаҳои бесаробонмонда, 2518 нафарро собиқадорони ақибгоҳ ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 54 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо як нафар дар қайди ҳаёт аст. Ин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дорандаи ордени «Шараф» Абдуназар Фармонқулов мебошад, ки алҳол дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зиндагӣ менамояд.
Ҳамзамон Раҳмат Кудратов афзуд, ки алҳол дар Тоҷикистон 1207 собиқадори хизмати ҳарбӣ, 4 938 собиқадори ҳифзи ҳуқуқ ва 88 180 собиқадори меҳнат умр ба сар мебаранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






