«Созандагони Ватан» ҷавонони манотиқи гуногуни кишварро бо ҳам овард

Сентябрь 12, 2015 03:07

Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан»  санаҳои 9-10 сентябри соли 2015 бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3000-солагии Ҳисори шодмон дар якҷоягӣ бо нашрияи шаҳрии Вечёрка роҳпаймоии автомобилиро дар шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор- Шаҳринав- Турсунзода доир намуд. 
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, тақвияти дустию рафоқати ҷавонони манотиқи кишвар, огоҳ намудани онҳо аз таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик, шинос намудани онҳо бо тарзи зиндагӣ ва фаъолияти ҷавонон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон ва ифтихор аз фарҳангу миллати хеш иборат буд. 
Дар доираи ин чорабинӣ ҷавонони иштирокчӣ, ки теъдодашон ба 120 нафар баробар буд, аз мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, боѓҳои ноҳияи Шаҳринав, Корхонаҳои алюминии шаҳри Турсунзода дидан намуда, дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гулчанбар гузошта, эҳтироми ин фарзанди фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро ба ҷо оварданд. 
Инчунин дар доираи чорабинӣ ҳамоиши ҷавонон сурат гирифта, байни дастаи футболбозони «Созандагони Ватан» ва ҷавонони шаҳри Турсунзода сурат гирифт, ки бисёр ҷолиб сурат гирифт. Зимни ҳамоиши ҷавонони кишвар амали гуруҳи ҷиноӣ бо сардории собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  авриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби иштирокдорони ҳамоиш қатъиян маҳкум карда шуд. Ҷавонон иброз доштанд, ки чунин амали нангинро, бахусус дар арафаи таҷлили Рўзи истиқлолияти давлатӣ, ки қасди ноором намудану бадном сохтани ҷомеаи тоҷикро доштанд, ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонанд.
Маҷмуи чорабиниҳои баргузор гардида ба таҳкими дўстии ҷавонон, тарбияи ватандўстию меҳаншиносӣ ва ифтихор аз таърихи гузашта мусоидат хоҳад намуд.

 

Сентябрь 12, 2015 03:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!