Суғд: Баргузории мусобиқаи шашка ва шоҳмот миёни нобиноён

Сентябрь 16, 2015 10:48

Хуҷанд, 16.09.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Аз 11 то 14 сентябри соли ҷорӣ дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии нобиноён  мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шашка ва шоҳмот байни мардон ва занони нобиною маъюб гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” мутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Қобилхӯҷа Обидов иттилоъ дод, мусобиқа тӯли се рӯз дар меҳмонхонаи «Эҳсон» баргузор гардида, дар он 24 намоянда-варзишгар, ки аз 6 нафараш зан буд,  аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Чкалов, Ҷаббор Расулов, Б.Ғафуров, Шаҳристон  иштирок намуданд. 
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокдорон бо туҳфаҳои  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ сарфароз гардиданд. 

 

Сентябрь 16, 2015 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд