Суғд: Иқтидори корхонаҳои коркарди пахта-450 ҳазор тонна
Суғд, 17.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Суғд ҳоло 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, иқтидори онҳо ба коркарди 400-450 ҳазор тонна пахта баробар аст. Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ин корхонаҳо 2545 шаҳрванд бо ҷои кор таъмин аст.
Ёдрас мешавем, Сулаймон Зиёев, муовини раиси вилояти Суғд дар машварати кориаш гуфт, ки ҷиҳати омӯзиши омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба мавсими нави қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 аз 29 июл то 4 августи соли равон аз тарафи гурӯҳи корӣ фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта мавриди санҷиш қарор гирифт. Ҳоло ин корхонаҳо бо хатҳои технологӣ ва таҷҳизоти муосири истеҳсоли хориҷии муҳаррикҳояшон нисбат ба истифодаи барқ каммасрафи давлатҳои Чин, Олмон, Туркия ва ИМА ҷиҳозонида шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






