Супоридани Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон ба Президенти Украина
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар бинои Қасри Президент маросими расмии супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев ба Президенти Украина Пётр Порошенко баргузор гардид.
Пас аз маросими супоридани Эътимоднома, Президенти Украина Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поёни суҳбат Сафири Тоҷикистон Файзулло Холбобоев изҳор дошт, ки тамоми саъю кӯшиши худро барои таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ба харҷ хоҳад дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






