Супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Тоҷикистон дар Украина
Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 16 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Украина Е. Зеркал бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо, фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар навбати худ Сафири Тоҷикистон дар Украина зимни суҳбат оид ба дастовардҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ибрози ақида намуда, ҳамзамон аз ҳамкорӣ бо Украина дар бахшҳои муҳими иқтисоди ҷумҳурӣ ибрози миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкорӣ ва масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн суҳбат карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






