Супурдани ҷоиза ба Сафорати Тоҷикистон дар Покистон
Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо Қарори Шӯрои идоракунони Палатаи савдо ва тиҷорати Равалпиндии ҶИП ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи солонаи 2015 -«RCCI the best foreign mission award for 2015» барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ супурда шуд.
Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба ташкилоту намояндагони гуногун барои саҳми муҳими онҳо дар дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи саноат, тиҷорат, санъат, илму маориф ва ВАО ба намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ ва ВАО супурда мешавад.
Ҷоизаи мазкур аз ҷониби вазири федералии хазинаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд ва ӯ аз номи Ҳукумати Покистон расман ба сафорат барои саҳми он дар рушди муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






