Тағйироту дигаргуниҳо дар сомонаи ширкати «Сомон-Эйр»
Душанбе, 24.09.2015. (АМИТ «Ховар»,). Ширкати «Сомон-Эйр» сомонаи худро вобаста ба талаботи замони муосир дигаргун карда ба он бахшҳои навро илова намуд. Акнун истифодабарандагон имкон пайдо карданд, ки ҳолати парвози ҳавопайморо мустақиман тамошо кунанд. Ширкати ҳавопаймоӣ барномаи навро барои Android ба кор даровард, ки истифодабарандагони таҷҳизоти мобилӣ бо ёрии он бо маҳсулот ва хизматрасониҳои электронии ширкати ҳавопаймоӣ шинос мешаванд ва маълумоти умумиро дар бораи хизматрасониҳои «Сомон Эйр» ба даст меоранд. Барномаи Android дар аксари таҷҳизоти мобилии муосир — Samsung, HTC, SonyEricsson, Motorola, LG насб шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» бо таҳияи барномаи мобилӣ барои Apple (IOS) машғул аст, ки ба наздикӣ дастраси истифодабарандагон қарор мегирад.
Хотиррасон мекунем, ки феълан ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия ва Казоқистон муваффақона иҷро менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






