Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар ДМИТ
Душанбе, 09.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Ректори донишкада Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки истиқлолият рамзи соҳибдавлатии тоҷикон мебошад. Тӯли солҳои истиқлолият худшиносию худогоҳии мардум таҳким ёфта, мардуми бохиради кишвар бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ муттаҳид гаштанд. Он миллате, ки дорои истиқлолияти комил аст, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби номи нек мегардад. Чун тақдири минбаъдаи кишвар дар дасти мо — наслҳои имрӯза аст, ҳар яки моро водор месозад, ки масъулиятшинос бошем ва ба қадри неъматҳои истиқлолият бирасем. Ҳамзамон ректори донишкада афзуд, ки дар солҳои истиқлолият маориф ва илми ватанӣ рушд ёфта, ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Изатуллоев ҳамагонро табрик намуда, изҳор дошт, ки ба шарофати истиқлолият дастовардҳои шаҳрвандони кишвар, бахусус ҷавонон афзудааст. Ҷавонони саодатманди тоҷик пуштибони сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Сарвари давлат буда, барои рушду инкишофи ҷомеа кӯшишҳо менамоянд.
Инчунин ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишкада Фаридун Сафарзода дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони истиқлолият» маърӯза намуда афзуд, ки яке аз дастовардҳои истиқлол — қабули Сарқонун мебошад, ки он имрӯз аз ҷониби коршиносон ҳамчун яке аз беҳтарин ва демократитарин сарқонунҳои дунё эътироф шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






