Таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар Вазорати саноат
Душанбе, 07.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва аҳамияти истиқлолият, рушду пешрафти ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои истиқлолият, ҷойгоҳи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, саҳми соҳаҳои саноат дар рушди иқтисодиёти кишвар баёни назар намуд.
Ба иттилои Бобозода, дар арафаи таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли сементи Ватанӣ ба 1 млн. тонна расид, ки ин дастоварди таърихии саноати мамлакат, туҳфаи арзандае ба мардуми кишвар арзёбӣ гардид.
Дар охир як қатор кормандони фаъоли вазорат ва корхонаҳои соҳа бо «Ифтихорнома»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






