Тақвияти ҳамкории милитсия бо ҷомеа
Душанбе, 26.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Бюрои САҲА дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа» машварат баргузор гардид.
Дар машварат намояндагони Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, намояндагони САҲА дар Тоҷикистон ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Суғд иштирок доштанд.
Иштирокчиёни машварат нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ, ҷараёни татбиқи он, раванди ислоҳоти милитсия, ташкили ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯи асосиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар машварат Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, Кодекси этикаи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ муҳокима гардида, зимни баррасии мавзӯъҳои рӯзномаи машварат миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






