Тафсилоти ҳуҷуми мусаллаҳона

Сентябрь 4, 2015 13:26

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд. 
Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 4 — нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва 4 нафар кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд.  
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим),   муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст. 
Аснои амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), ҳамчунон ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи  Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. 
Ҳангоми содир намудани амалҳои террористӣ Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони Вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансаби муовини Вазири мудофиа сӯистифода кардааст. 
Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро  шахсан роҳбарӣ намудааст.  
Ҳангоми амалиёти махсус аъзои дастаи террористӣ – Муродов Сарабек Баротович, соли таваллудаш 1967 зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи  шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров 112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён,  хонаи  35, Сафаров Собир  Каримович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 28 А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, соли таваллудаш 1976, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуданд. 
Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, узви ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст, инчунин ҳашт  нафар ҷинояткорони дигар, безарар гардонида шуданд. 
Як гурӯҳ террористон бо сардории Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби  сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад. 
Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти    пешакӣ идома дорад. 
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд. Телефон барои тамос 221-21-21, 227-98-98.  

 

Сентябрь 4, 2015 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад