Талаби муносибати ҷиддӣ нисбат ба роҳандозии чорабиниҳои даъватӣ
Душанбе, 30.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», аз якуми октябри соли 2015 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки қаблан ба ин муносибат дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Марҳабо Ҷабборӣ ҷамъомади муштараки пешаздаъватӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур тамоми масъулин — сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа, амният, мақомоти корҳои дохилӣ, масъулини мақомоти прокурорӣ, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кормандони Вазорати тандурустӣ, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ширкат намуда, масоили вобаста ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат намудани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аъзои комиссияи давлатии даъват бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
Ҳамчунин чорабинии пешаздаъватӣ таҳти роҳбарии вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ва бо иштироки масъулини дахлдор дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбӣ баргузор гардид. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар доираи дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар самти боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ ибрози андеша намуда, муносибати ҷиддиро дар ин самт талаб намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






