Талоши хоинон барои нооромсозии миллати тоҷик беҳуда аст
Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ман як ҷавони комилҳуқуқи замони Истиқлол ҳамеша ба сиёсат таваҷҷуҳи хосса дорам, ҳарчанд дар бештар маврид ба ман мегӯянд, ки сиёсат кори калонҳо мебошад. Ҳар нафаре, ки дар бобати сиёсат сухан мегӯяд ва ё дар ҳар маҳфиле, ки онҷо аз сиёсат сухан меравад, тамоми диққатамро ба он равона мекунам. Ҳар як ҳодисаи сиёсие, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон рӯй медиҳад, ҳатман ба он таваҷҷуҳ карда ва хулосаҳои шахсии худро мебарорам. Чунончӣ ба сарнавишти миллати курд, рӯзгори мардуми Фаластин, ҳодисаҳои кишварҳои Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман аз нуқтаи назари худ баҳогузорӣ мекунам ва дар муқоиса бо он ҳодисаҳо шукргузорӣ мекунам, ки миллати тоҷик пешвои худро дорад, ва ин пешво Ватани азизи моро аз вартаи нестӣ наҷот дод.
Бояд гуфт, ки иқдомҳои оқилона ва хирадмандонаи Президенти кишвар пеши роҳи парокандашавии миллатро гирифт ва Тоҷикистонро бо ташкилоти бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо ва Созмони конфронси исломӣ ва дигар ташкилот пайваста, баҳри рушду тараққии давлат роҳ кушод.
Ислоҳоту дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони неругоҳҳои хурду бузург, кӯпрукҳо, нақбу роҳҳо, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии замонавӣ, толору майдонҳои варзишӣ, инчунин дигар иншооти ҳаётан муҳим, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ на танҳо аҳамияти бузурги фарҳангиву иқтисодӣ доранд, балки обрӯ ва эътибори Тоҷикистону миллати тоҷикро дар ҷаҳон афзун мегардонанд.
Бояд гуфт, ин ҳама ободиву пешравиҳо, осудагиву саодатмандии миллатро хиёнаткорону бадхоҳони миллати тоҷик нодида гирифта, мехоҳанд заҳматҳои чандсолаи миллатро барбод диҳанд. Аммо ин талошҳои хоинон барои нооромсозии миллати тоҷик беҳуда аст.
Ман як ҷавони комилҳуқуқ ва парвардаи замони истиқлол, амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи хоини миллат ва фарзанди носипоси он Абдуҳалим Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим)-ро сахт маҳкум намуда, аз ҳамсолон ва ҷавонони кишвар даъват ба амал меорам, ки ҳама якдилу яктан шуда, нагузорем, ки хиёнаткорон ба мақсадҳои пурғарази худ бирасанд.
Имрӯз мо метавонем бо сари баланд гӯем: «Мо тоҷикем, пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон аст ва мароми мо сулҳи саросарист!». Зери ин шиор мо ҷавонони даврони истиқлолият миллат, фарҳанг, парчам, нишон ва аз ҳама муҳим суботу амнияти Ватанро бо таҳсили илм ва меҳнати созанда ҳифз мекунем.
Фирӯз Гулов, донишҷӯи Донишкадаи энергетикаи Маскав дар шаҳри Душанбе








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






