Тамаъҷӯии ҷавони 29-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 17.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷавонеро дастгир карданд, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, даст ба тамаъҷӯӣ мезадааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, 16 сентябри соли равон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ сокини 29-солаи шаҳри Душанбе бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки дастгиршуда 31-уми августи соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ҳамчун корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз зани 35-сола, сокини ноҳияи мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ ва зӯроварӣ 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






