Таъмини талаботи аҳолӣ бо қарз
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Ҷамъбасти ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти охир дар интиҳои моҳи августи соли равон раванди зиёдшавии муътадили худро идома дода, маблағи 11 164,4 млн. сомониро ташкил, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 фоиз зиёд аст.
Баъди таҳлили таркиби бақияи қарзҳо дар ин давра маълум гашт, ки 4 914,9 млн. сомонӣ (ё 44,0 фоиз)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 249,5 млн. сомонӣ (ё 56,0 фоиз)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил додаанд.
Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,86 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,66 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,09 банди фоизӣ ва 1,57 банди фоизӣ паст мебошанд.
Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ин давра 3 738,7 млн. сомониро ташкил дод. Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ин маблағ 666,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст.
Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






