Тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар Норак
Норак, 09.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар майдони марказии шаҳри Норак бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки раиси шаҳр Фатҳулло Ҳурматзода, меҳмонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҷамомад раиси шаҳр, ҳозиринро бо камоли эҳтиром ба муносибати фаро расидани ҷашни миллии кишвар — 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда иброз дошт, ки имсол ҷашни истиқлолро дар остонаи санаҳои бисёр муҳими таърихӣ, яъне 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори бостонӣ истиқбол мегирем.
Ҳамчунин дар маркази шаҳр аз тарафи ташкилоту муссисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳру деҳот намоиши маҳсулоти саноатӣ ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Инчунин аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ, шуъбаи кишоварзии ноҳия ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ карда шуд.
Барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳр «Тараннуми сулҳу ваҳдат ва меҳанпарастӣ » ва барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанг пешкаши тамошобинон гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






