Тарғиби ғояҳои миллӣ дар ДМИТ

Сентябрь 17, 2015 12:40

Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- 16 сентябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ)  вохӯрии устодону донишҷӯён бо муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Гулов,  директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ Шарифмурод Исрофилниё, муовини ректори ДМИТ оид ба равобити байналмилалӣ Баҳром Сафаров  ва директори муассисаи таҳсилоти умумии №57 шаҳри Душанбе Кӯлобӣ Раҷабова сурат гирифт.
Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ Шарифмурод Исрофилниё зикр  намуд, ки ҳадафи аосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва оромиву осудагии фазои кишвар мебошад. Боиси таассуф аст, ки дар сафи ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» ҷавонони тоҷик ҳам меҷанганд. Мусаллам аст, ки ин қабил ҷавонон  аз надоштани ифтихори миллӣ, ҳисси миллӣ ва дониши кофии динию  дунявӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд. Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо ҳушёрии сиёсиро аз даст надодан аст.
Аз таърихи дини ислом ҳарф зада, мавсуф таъкид намуд, ки худи пайдоиши равияи ваҳҳобия кори  дасти хориҷиён  буда, барои даст ёфтан ба сарватҳои зеризаминӣ, тақсим кардани олами араб ва нифоқ андохтан байни мусалмонон рӯи кор омадааст. Ҳар як нафаре, ки имрӯз даъвои ҷиҳод ва ё шаҳодат карда, одамонро зинда ба зинда месӯзонаду сар мебурад, ба зану кӯдакон раҳме надорад, аз асолати  ислом фарсахҳо дур буда, ягон кирдораш ба оини мусалмонӣ рост намеояд. 
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода доир ба вазъи кунунии кишвар ва рӯйдодҳои охир ибрози андеша карда, афзуд, ки ин хоинони миллат ва ватанфурӯшон бо ин амали нангин фазои ороми  кишвар ва дар баробари ин фазои сармоягузории онро вайрон карданӣ буданд. Онҳо суботу рушди кишварро дида натавониста, ба дасисабозӣ даст заданд. Хиёнати хоинони Ватан нобахшиданист.
— Имрӯзҳо вазифаи ҳар як нафари мо ин ватандӯст будан, эътироф  кардани арзишҳои миллӣ, устувор  нигоҳ доштани сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ ва мусоидат ба рушди босуботи кишвар мебошад, — илова кард ректор.

 

Сентябрь 17, 2015 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!