Таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав дар Бадахшон
Хоруғ, 03.09. 2015 (АМИТ «Ховар» ).- Ба ифтихори ҷашни истиқлолият дар шаҳри Хоруғ, якчанд кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти хеш ба муваффақиятҳо ноил шудаанд аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Мукофотҳои олии давлатиро муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим супорида, се нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва ду нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо медали «Шафқат» сарфароз гардиданд.
Азим Иброҳим дар мулоқот бо фаъолони ҷомеаи шаҳри Хоруғ, зикр кард, ки рӯзҳои наздик талаботи сокинони вилоят баррасӣ гардида, тибқи он таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав дар минтақа, истифодаи нерӯи зеҳнии мутахассисон ва истеъдодҳо, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






