Тоҷикобод: даъват барои муқаддас доштани Ватан
Тоҷикобод, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- 22 сентябри соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии раиси ноҳия ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоати ноҳия дар мавриди изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷиноятҳои гурӯҳи собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир, намояндаи прокурори ноҳия ва намояндаҳои ҷамоатҳои деҳоту сокинони ноҳия амалҳои террористӣ ва ғайриқонунии Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва ҳаммаслаконашро маҳкум намуданд. Ҳар нафаре, ки дар вохӯрӣ сухан мегуфт, мардумро ба муқаддас доштани Ватан ва чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ доштани сулҳу оромии кишвар даъват мекард








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






