Туҳфаҳои Сарвари давлат ба кормандони ВКД
Душанбе, 23.09.2015, (АМИТ «Ховар»,). — Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику муборакбод намуда, гуфт, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандоне, ки дар мубориза бар зидди гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода шуҷоату корнамоӣ нишон доданд, қадрдонӣ мешаванд. Ҳамин тавр ба кормандони милитсия аз номи Президенти мамлакат маблағҳои пулӣ ва бо фармони Вазири корҳои дохилӣ нишонҳои сарисинагӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд. Ҳамчунин, ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рутбаҳои навбатӣ дода шуд.
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ вазири корҳои дохилӣ ба наздикону пайвандони кормандоне, ки дар амалиёти махсус бар зидди гурӯҳи ҷиноятпешаи А.Назарзода ҷони худро нисор намуданд, бори дигар изҳори ҳамдардӣ намуда, қайд кард, ки онҳо аз худ шуҷоату далерӣ ва корнамоӣ нишон дода, ҳастии худро барои Ватан бахшиданд.
Таъкид гардид, ки дар мубориза бар зидди ин гурӯҳи ҷиноятпеша кӯмаку дастгирии мардум ва саҳми онҳо назаррас буд ва ин аз робитаи зичи аҳолӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далолат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






