ТВ Варзиш таъсис дода шуд
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори ҳукумат муассисаи давлатии телевизиони Варзиш таъсис дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни тасдиқи аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси шабакаи панҷуми сартосарии телевизиони Тоҷикистон дар назди роҳбарияти Кумитаи мазкур ва дигар расонаҳои давлатии иттилоърасонӣ доир ба беҳсозии барномаҳои ТВ ва дигар маводи расонаӣ супоришҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги пурғановати мо бояд бо завқу салиқаи баланд ва таври шоиста инъикос ва муаррифӣ карда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ТВ Варзиш ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо ёдоварӣ аз нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон доир ба ташкили фаъолияти хуби ин шабакаи нави телевизионӣ дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.
Ин шабакаи телевизионӣ моҳи ноябри соли равон ба кор шуруъ хоҳад кард








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






